Мунтахаби Тоҷикистон (U-19) ба Ватан бармегардад
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки дар Чемпионати Осиё-2018 шомили панҷгонаи беҳтарини ин маъракаи муҳташами фароқоравӣ гардида буданд, наздикиҳои шоми 1-уми ноябр ба Ватан бармегардад. Хотиррасон мекунем, ки дар Чемпионати Осиё-2018 яккачини ҷавонони Тоҷикистон чор бозӣ баргузор намуд. Дар рақобатҳои гурӯҳии мусобиқаи мазкур тими мунтахаби мо дастаи Чинро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, бо мунтахаби Малайзия рақобаташро бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод. Баъдан аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 3:1 мағлуб гардид. Дар даври ¼ ниҳоӣ шогирдони Мубин Эргашев аз яккачини Кореяи Ҷанубӣ бо бартарии 1:0 шикаст хурда, аз ҳаққи роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2019 маҳрум шуданд. Маврид ба ёдоварист, ки аз қораи Осиё 4 мунтахаб – Қатар, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ роҳхати Чемпионати ҷаҳон-2019, ки соли оянда дар Полша баргузор мешавад, ба даст оварданд.