Мусоҳибаи хабарнигори ТВ “Варзиш” бо Парвизҷон Умарбоев
Нимҳимоятгари бошгоҳи «Локомотив- Пловдив»-и кишвари Булғористон Парвизҷон Умарбоев 1-уми июли соли 1994 дар шаҳри Хуҷандии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон 17 бозӣ анҷом дода, ба задани 6 гол даст ёфтааст. Аз моҳи июни соли 2016 Умарбоев узви ҳайати бошгоҳи «Локомотив- Пловдив» аст. Хабарнигори шабакаи ТВ “Варзиш” Кова Тилавпур бо ин футболбози бомаҳорат сӯҳбате орост.
Хабарнигор: - Салом Парвиз! Мехостам дар мавриди ҳунарнамоиятон дар хориҷ аз кишвар сӯҳбат карда бошем….
Парвиз: - Салом ба Шумо ва тамоми мардуми тоҷик. Албатта, розӣ ҳастам.
Хабарнигор:- Парвиз! Шумо аз кай ба бозии футбол машғул шудед?
Парвиз: - Падар ва бародарам ба футбол машғул буданд. Падарам собиқ футболбоз ва ҳоло мураббӣ ҳастанд. Замоне, ки 6 сол доштам, амакам маро ба варзишгоҳ бурданд. Дар синни 7 солагиям тамринотро оғоз кардам. Вақте ки 13 ё 14 сола будам, дӯсти падарам, ки ба ҳайси ёвари мураббӣ дар бошгоҳи «Рубин»-и шаҳри Қазон фаъолият мекард, маро ба ин даста даъват намуд. Баъди як чанд ҳунарнамоиям маро ба академия қабул намуданд. Боз бо ҳайати 17 солаҳои дастаи «Рубин» бозӣ мекардам, ки он замон 14 сол доштам. Ҳамин тавр, аввалин созишномаи ғайриҳирфавиро ба имзо расонидам.
Хабарнигор: -Баъдан?
Парвиз: - Дар синни 15 солагиам тамринотро бо ҳайати асосӣ идома додам. 26-уми сентябр дар мусобиқаи Ҷоми Россия муқобили бошгоҳи «Енисей»- и Красноярск бозӣ кардам. Аз моҳи майи соли 2013 то моҳи июни соли 2014 ба таври иҷора ба дастаи «Нефтохимик», ки дар Лигаи якум ҳунарнамоӣ мекунад,, интиқол шудам. Моҳи июл ба дастаи дигар «Химик» пайвастам. Шуруъ аз моҳи марти соли 2015 бо дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон созишнома ба имзо расонидам. Он ҷо як солу ду моҳ бозӣ кардам. Замоне, ки дар «Истиқлол» бозӣ мекардам, орзу доштам, ки дар бошгоҳҳои Аврупо ҳунарнамоӣ кунам. Ман медонистам, ки ин чиз рӯзе рух хоҳад дод. Мусобиқае, ки дар шаҳри Санкт Петербург ҷараён дошт бо яке аз «донандагони футбол» дӯст шудам ва баъди чанд муддат ӯ бо бошгоҳи «Локомотив»-и Пловдив робита намуд. Ҳамин тавр корномаи варзишиамро бо ин даста аз соли 2016 оғоз намудам.
Хабарнигор: Менеҷери Шумо замоне фаҳмид, ки ба «Локомотив» меравед, худро чӣ тавр эҳсос намуд?
Парвиз: Вақте ки менеҷер бароям гуфт, ки созишнома аз дастаи «Локомотив Пловдив» шудаст хеле хушҳол будам ва зуд барои ошноӣ бо даста ба Google ворид шудам. То ба ҳол аз менеҷерам розӣ ҳастам, ки бароям кӯмак намуд, то орзуҳоям амалӣ гардад.
Хабарнигор: Оё футболбозони тоҷик метавонанд дар дастаҳои аврупоӣ бозӣ кунанд?
Парвиз: Албатта, метавонанд. Боварӣ дорам, ки ин чиз дар оянда рух медиҳад. Фикр мекунам замоне, ки бозигарони тоҷик дар чемпионатҳои қавии Аврупо бозӣ мекунанд тими миллӣ боз ҳам қавитар мешавад.
Хабарнигор: Оё расму ойини мардуми Тоҷикистону Булғористон аз ҳам тафовут доранд?
Парвиз: Аз бисёр ҷиҳат фарқ мекунад. Масалан, дар фарҳанг ва урфу одат.
Хабарнигор: Тӯйи арӯсии Парвиз кай барпо мешавад?
Парвиз: Дар ҳақиқат ҳар як инсон ин рӯзро орзу мекунад. Солҳои наздик, албатта, арӯсӣ мекунам. Танҳо пайдо кардани арӯс боқӣ мондааст….
Хабарнигор: Чӣ чизҳоро бештар дар Ватан ёд кардед?
Парвиз: Бештар хонавода, дӯстон ва албатта, ошхонаи миллиро.
Хабарнигор: Барои мухлисони тоҷик, ки ҳамеша бозиҳои Шуморо тамошо мекунанд, чӣ гуфтаниҳо доред?
Парвиз: Ба номуваффақона ҳунарнамоӣ кардани тими мунтахаб нигоҳ накарда, ҳамеша бовар ва дастгирӣ кунанд. Дар оянда, албатта, дар чемпионати Осиё ё Ҷаҳон ширкат хоҳем кард, зеро ба ин чиз мухлисони мо арзанда ҳастанд. Ҳамаи мухлисонро дӯст медорем. Ҳамеша дастгирии онҳоро эҳсос мекунем!
Хабарнигор: Ташаккур, барои чунин як сӯҳбати самимӣ!
Парвиз: Ба Шумо ҳам, ташаккур!