Мусобиқаҳои "Деҳа ба деҳа" идома доранд
Дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди варзиш дар кишвар ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва ба ин васила рушди варзиш дар деҳот мусобиқаҳои варзишӣ “Деҳа ба деҳа” аз 27 июни соли ҷорӣ дар кишвар роҳандозӣ карда шуда истодааст. Мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои шашка, шоҳмот, футбол ва волейбол дар 68 шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳандозӣ карда шуда, он аз се марҳила иборат мебошад. Марҳилаи аввали мусобиқаҳои мазкур дар сатҳи маҳаллӣ – деҳа ба деҳа, марҳилаи дуюм дар сатҳи шаҳр ва ноҳияи ҷамъбаст мегардад. Дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод, Темурмалик, Восеъ, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритуз, Вахш, Роштқалъа, Шуғнон, Ашт, Мастчоҳ, Б.Ғафуров, Бӯстон, Шаҳристон, Деваштич, Ваҳдат, Рашт ва Рӯдакӣ мусобиқаҳои “Деҳа ба деҳа” аз рӯи намуди волейбол баргузор гардида истода, дар баргузории мусобиқаҳои варзишии мазкур ҷавонон ва варзишгарони деҳот фаъолона иштирок намуда истодаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Фархор, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Кӯлоб, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Лахш, Нуробод, Турсунзода, Ҳисор, Файзобод, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Зафаробод ва Спитамен мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футбол байни деҳаҳо доир гардида истодааст. Мусобиқаҳои “Деҳа ба деҳа” дар шаҳру ноҳияҳои Мурғоб, Норак, Н.Хусрав, Дӯстӣ, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлол, Роғун, Сангвор ва Тоҷикобод аз рӯи намуди шашка ва шоҳмот доир гардида истодааст. Мавриди зикр аст, ки мусобиқаҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, интихоби ҳаёти солим ва таъмини солимии миллат мусоидат намуда, баргузории мусобиқаҳои мазкур барои дарёфти беҳтарин чеҳраҳои варзишии кишвар заминагузорӣ менамояд.