Мусовии Горячкина бо Конеру дар даври 12-уми Сабқати довталабон

Мусовии Горячкина бо Конеру дар даври 12-уми Сабқати довталабон

Шоҳмотбози россиягӣ Александра Горячкина бо намояндаи Ҳиндустон Хампи Конеру дар даври 12-уми Сабқати довталабон миёни бонувон ба натиҷаи мусовӣ расид.

Барои россиягӣ ин ҳаштумин мусовӣ дар давоми муобиқа буда, пештар ӯ ду маротиба пирӯз шуд ва ду бори дигар дучори бохт гардида буд.

Дар даври баъдӣ Горячкина бо намояндаи Чин Тан Чжунйи бозӣ мекунад.

Ғолиби ин мусобиқа баҳри ба даст овардани Тоҷи шоҳмот бо қаҳрамони феълии ҷаҳон миёни бонувон Сзюй Вэнсзюни чинӣ соли 2025 бозӣ мекунад.

Иштирокчиёни Сабқати довталабон россиягиҳо Александра Горячкина ва Екатерина Лагно, Рамешбабу Вайшали (Ҳиндустон), Анна Музичук (Украина), Нургул Салимова (Булғористон) ва Хампи Конеру (Ҳиндустон) мебошанд.