Муваффақияти қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳо

Муваффақияти қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳо

Дар дидори сеюми Лигаи Чемпионҳо бошгоҳи шоҳонаи “Реал” бо тими “Виктория Плзен” майдондорӣ намуд. Рақобати тимҳо дар майдони овозадори «Сантяго Бернабеу» баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи “гаразмониҳо” поён ёфт. Бозии дигари гурӯҳи “G” байни тимҳои “Рома” ва “ССКА” баргузор шуд, ки дар ин дидор дастаи “Рома” бо бартарии 3:0 пирӯз шуд. Айни замон бошгоҳи шоҳона бо касби 6 хол дар зинаи аввали гурӯҳ ҷой дорад. Тими “Рома” низ бо дарёти 6 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад.

Лигаи Чемпионҳо. Марҳилаи гурӯҳӣ. Гурӯҳи “G”

"Реал" (Испания) - "Виктория Пл" (Чехия) - 2:1 (1:0)

Голҳо: Бензема, 11 (1:0). Марсело, 55 (2:0). Хрошовски, 79 (2:1).

"Реал" (Испания): Навас, Васкес, Серхио Рамос, Начо, Марселу, Модрич, Каземиру, Кроос, Бэйл (Асенсио, 75), Бензема (Диас, 88), Иско (Валверде, 54).

"Виктория Пл" (Чехия): Грушка, Ржезник, Хейда, Хубник, Лимберски, Гавел (Экпай, 76), Прохазка (Хоржава, 65), Хрошовски, Чермак, Петржела (Ржезничек, 86), Крменчик.

"Рома" (Италия) – ССКА (Россия) – 3:0 (2:0)

Голҳо: Ҷеко, 30 (1:0). Ҷеко, 43 (2:0). Ҷенгиз Юндер, 50 (3:0).