Надал дар даври ¼ ниҳоии ”Мастерс”-и Рим

Надал дар даври ¼ ниҳоии ”Мастерс”-и Рим

Дар даври сеюми “Мастерс”-и Рим рақиби навбатии Рафаэл Надал теннисбози канадагӣ Денис Шаповалов гашт. Шапавалов дар ин бозӣ хеле муқобилияти шадид нишон дод. Вохурӣ се сет идома намуда, бо ҳисоби 3:6, 6:4, 7:6 (6:3) ба суди Рафаел Надал ба анҷом расид.

Вохӯрии ин ду теннисбоз 3 соату 30 дақиқа давом кард. Рафаэл Надал ду иштибоҳи дуболо намуда, аз 14 имконияти брейк-пойнт 4-тоашро самаранок истифода кард. Шапавалов дар ин рақобат 12 эйс анҷом доду 2 маротиба дар партоби тӯб ба хатогӣ роҳ дод ва аз 10 то имконияти брейк-пойнт 5-тоашро истифода намуд. Қайд карда бошем, Денис Шапавалов дар рейтинги АТР дар мақоми 14-ум қарор дорад. Дар даври ¼ ниҳоӣ рақиби Надал намояндаи Олмон Александр Зверев мебошад.