“Наполи” дорандаи феълии Ҷоми Италияро шикаст дод

“Наполи” дорандаи феълии Ҷоми Италияро шикаст дод

Дар бозии даври ¼ ниҳоии Ҷоми Италия “Наполи” дар майдони худ бо “Латсио” рақобат кард. Ин майдондорӣ бо ҳисоби 1:0 ба суди мизбонон анҷом ёфт.
Дар дақиқаи 2-юми вохӯрӣ ҳамлагари “неаполитаниҳо” Лоренсо Инсинйе ҳисоби бозиро кушод. Пас аз 8 дақиқа довар ба фоидаи “Латсио” ба дарвозаи меҳмонон ҷаримаи 11-метра таъйин кард, аммо беҳтарин нишонзани Сериия А – Чиро Иммобиле натавонист аз ин имконият истифода кунад. Дар дақиқаи 18-ум ҳимоятгари Наполи“ Элсеид Хюсай корти сурх гирифт, вале пас аз 6 дақиқа шумораи футболбозони ҳарду даста баробар шуд, зеро довар ба нимҳимоятгари меҳмонон Лукас Лейва корти сурхи мустақим нишон дод.
Ҳамин тавр, “Наполи” бо ҳисоби хурди 1:0 қаҳрамони феълии Ҷоми Италияро шикаст дода, ба даври нимҳимоии Ҷоми Италия баромад. Акнун барои роҳ ёфтан ба финал, дастаи Ҷеннаро Гаттузо бо ғолиби ҷуфти “Фиорентина” – “Интер” рақобат хоҳад кард.