Неймар дар ҳайати “Сантос” дебют кард
Ҳамлагари бразили Неймар пас аз тарки «Ал-Ҳилол» -и Арабистони Саудӣ субҳи имрӯз дар ҳайати «Сантос» дар бозии даври 7-уми Лигаи Паулиста муқобили «Ботафого» (1:1) дебют кард.
Дар нимаи аввал «Сантос» бештар тӯбро идора мекард. Лек аз ҷиҳати имкониятҳо бартарӣ ҷониби «Ботафого» буд. Аввалин шуда мизбонон гол заданд. Бозингари «Ботафого» дар ҷаримагоҳ хато кард ва довар пас аз баррасии VAR пеналтӣ таъин намуд. Соарес дар дақиқаи 38-ум онро бомуваффақият ба гол табдил дод. «Ботафого» пас аз зарбаи кунҷӣ ҳисобро баробар намуд. Жезус дар дақиқаи 67 –ум муаллифи гол шуд.
Неймар дар дақиқаи 46-уми бозӣ вориди майдон шуд. Ин вингер бори охир дар «Сантос» 12 сол пеш бозӣ карда буд. Баъдан, Неймар ба «Барселона» рафт ва аз онҷо ба «ПСЖ» ва аз онҷо ба «Ал-Ҳилол» гузашт ва дигарбора ба бошгоҳи зодгоҳаш баргашт. Дар ин бозӣ гарчанде, ки Неймар дар майдон ягон амали муассир надошт, лек бо бозии зебо ва ҷаззобаш беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.
Ёдовар меашвем, ки «Ботафого» қаҳрамони феълии чемпионати Бразилия ва Ҷоми Либертадорес буда, тобистони имсол дар Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо -2025 дар Амрико ширкат меварзад.
ТВ "Варзиш"