Неймар ҷойгузини Лукаку дар “Челси” мешавад

Неймар ҷойгузини Лукаку дар “Челси” мешавад

Дастаи "Челси" ба ҳамлагари "ПСЖ" Неймар мароқ зоҳир намудааст. Лондониҳо тасмим гирифтаанд то ба зудӣ рафтани Ромелу Лукакуро ба "Интер" (барои иҷора) эълон кунанд, ки ин бояд дарро барои пайвастан ба футболбози 30-солаи бразилӣ ба "Челси" боз намояд. Дар ин бора Daily Star хабар медиҳад.


Қаблан борҳо гузориш шуда буд, ки "ПСЖ" омодааст, Неймарро дар равзанаи тобистона бифурӯшад. Гуфта мешуд, ки "Ювентус" метавонад ӯро ба иҷора бигирад ё ҳамлагар метавонад ба "Барселонае" баргардад, ки барои харидани як бозигар 50 миллион евро пешниҳод карда метавонад.


Неймар ҳамон бозигарест, ки яке аз зиёдтарин маошҳоро мегирад. Соли 2017 "ПСЖ" барои бозигари "Барселона" 222 миллион евро пардохт карда буд.