Ниҳоят Сулшер меравад. Ҷойгузини ӯ маълум шуд
Журналисти машҳури итолиёвӣ - Фабрисио Романо дар саҳифаи «Твиттер»-и худ навиштааст, ки собиқ сармураббии дастаҳои «Челси», «Интер» ва «Ювентус» Антонио Конте мехоҳад, ки сармураббии дастаи «Манчестер Юнайтед» шавад. Мутахассиси итолиёӣ гарчанде, ки то ҳол аз роҳбарияти “девҳои сурх” пешниҳоди расмӣ навгирифтааст, аммо ба ҳар ҳол ӯ ба ин мақом омодагӣ мебинад. Баъди бозӣ бо “Ливерпул”, ки бо натиҷаи калони 5:0 ба суди дастаи шаҳри Ливерпул хотима ёфт, Уле-Гуннар Сулшер пурра аз боварии роҳбарияти даста баромад. Ҳоло онҳо дар ҷустуҷуи ҷойгузини Сулшеранд.
Хабар дода шуд, ки раҳбарияти “Манчестер Юнайтед” то ҳол бо Антонио Конте музокира накардааст. Қаблан маълум шуда буд, ки Сулшер метавонад ба зудӣ бинобар натиҷаҳои ғайриқаноатбахш барканор шавад. Пас аз нӯҳ даври рақобатҳои Премйер-Лигаи Англия, “девҳои сурх” бо 14 имтиёз дар ҷойи 7-ум қарор доранд.
:focal(1273x355:1275x353)/origin-imgresizer.eurosport.com/2020/02/10/2772646-57274930-2560-1440.jpg)