Оғози Чемпионати Осиё миёни муштзанони то 22 сола дар Қазоқистон

Оғози Чемпионати Осиё миёни муштзанони то 22 сола дар Қазоқистон

Дирӯз, дар аввалин рӯзи рақобатҳо миёни муштазнони то 22 сола дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Остона 6 муштзани тоҷик ҳунарнамоӣ карданд. Мусобиқаи мазкур, ҳамчун марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳонии бокс маҳсуб мешавад, ки моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 дар Хорватия баргузор мешавад.

Меҳрон Шафиев (51 кг) дар даври аввал намояндаи Тайпеи Чин - Као Тзу Ҳенгро дар раунди дуюм тариқи нокаут мағлуб кард. Хусравхон Раҳимов (57 кг) дар рақобати аввал бо ҳисоби 5:0 муқобили Гуванч Ахмедов аз Туркманистон зафар ёфт. Абубакр Муродзода (60 кг) дар нерӯсанҷии аввал бо ҳисоби 5:0 муқобили намояндаи Шри-Ланка Премаратна Ясиду дастболо гардид. Довуд Маҳкамов (71 кг) дар раунди аввал тариқи нокаут бар муштзани афғон Алӣ Майсам Ализода ғолиб шуд .

Меҳроҷиддин Баротов (48 кг) дар даври аввал аз намояндаи Баҳрайн - Мигма Дорҷи ва Меҳроҷ Зоидов (54 кг) дар даври аввал аз муштзани муғул Энхсайхан Оюн Эрдене мувоҷеҳи шикаст шуданд .

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс   аз 25-уми апрел то 8-уми май миёни муштзанони то 18 ва 22 сола байни писарону духтарон дар Қазоқистон баргузор мегардад.