Оғози “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” дар Кумитаи забон ва истилоҳот

Оғози “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” дар Кумитаи забон ва истилоҳот

Боиси хушнудист, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати хирадмандонаю варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсадноку пайваста баҳри машғул шудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши касбӣ шароитҳои созгори инфрасохторию ташкилӣ дар саросари кишвар муҳайё гардида истодааст. Бозии шоҳмот ҷузъи таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик мебошад. Бо ин мақсад дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон марҳилаи якуми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” байни кормандони кумита баргузор гардид. Тавассути бозии шоҳмот метавон ҳусни таваҷҷуҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавононро ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб намуд. Дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” дар чор марҳила дар алоҳидагӣ байни варзишгарони касбӣ (дорандаи дараҷаи 1-и варзишӣ, НУВ ва дигар унвонҳои варзишӣ) ва дӯстдорони варзиши шоҳмот (бе дараҷаҳои варзишӣ то дараҷаи 2-и варзишӣ) баргузор мегардад.

– марҳилаи интихобии I: аз санаи 20 июл то 31 августи соли 2020 дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо доир мегардад;

– марҳилаи интихобии II: аз санаи 1 то 30 сентябри соли 2020 дар сатҳи ноҳия, шаҳр бо иштироки ғолибони марҳилаи интихобии якум доир мегардад;

– марҳилаи интихобии III: аз санаи 1 октябр то 6 ноябри соли 2020 дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони марҳилаи интихобии дуюм доир мегардад;

– марҳилаи (ниҳоӣ) IV: қисми ниҳоӣ аз 11 то 16 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар асоси ҷадвали макони баргузории мусобиқаҳо гузаронида мешавад.

Дар рӯзи аввали оғози марҳилаҳо баҳри оммавияти ин намуди варзиш Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот таҳти унвони “Варзиши дастрас” баргузор карда мешавад.

Мусобиқа аз рӯи се дараҷаи синну солӣ, наврасони то 14 сола (писарон ва духтарон), ҷавонони аз 15 то 30 сола (писарон ва духтарон) ва калонсолони аз 30 сола боло (мардон ва бонувон) доир мегардад.

Маблағи умумии ҷоизаҳо 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.