Охирин иштирокчии Ҷоми ҷаҳон аз қитъаи Осиё маълум шуд
Дар доираи бозии охирини марҳилаи ¼ ниҳоии чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонони синнашон то 19-сола мунтахабҳои Арабистони Саудӣ ва Австралия дидор анҷом доданд. Бозӣ дар варзишгоҳи Патриот баргузор гардид ва бо натиҷаи 3-1 бар нафъи ҷавонони Арабистони Саудӣ анҷом ёфт. Арабистони Сауди шурӯъ аз дақиқаҳои аввал ташаббус ва тараддуди бозиро ба дасти хеш гирифта, аллакай дар даҳаи аввали дидор, дақиқтараш дар дақиқаи ҳафтум бо кушиши Турки Алламар ба задани гол даст ёфтанд. Чанд ҳолати голзании дигарро ҷавонони араб аз даст доданд. Дар дақиқаи 42-юми дидор бозигари Австралия Натаниел Аткинсон ҳисобро баробар кард ва нимаи аввал бо натиҷаи 1-1 анҷом ёфт. Нимаи дуввум ҳам бо бартарияти ҷавонони араб шурӯъ шуд. Ҳамлаҳо хеле зиёд ба чашм мерасиданд. Дар дақиқаи 50-уми рақобат яке аз чунин ҳамлаҳо бо голи задаи Фарез Тариқ хотима ёфт, ки ҳисобро 2-1 намуд. Як голи дигар бошад дар даҳаи охири рақобат, аниқтараш дар дақиқаи 82-юм аз ҷониби Сауд Абдулҳамид ба ҳадаф расонда шуд. Пас аз ин ғалаба мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Арабистони Саудӣ роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2019 ва марҳилаи нимниҳоии чемпионати Осиёро ба даст овард. Дар даври нимниҳоӣ ҷавонони Арабистони Сауди, бо ҳамсолони худ аз Ҷопон майдондорӣ хоҳанд кард.