Ҷокович “Мастерс”-и Парижро фатҳ кард

Ҷокович “Мастерс”-и Парижро фатҳ кард

Дар бозии марҳилаи финалии мусобиқоти силсилаи “Мастерс”-и Париж, теннисбози муваффақи сербӣ ва ракеткаи рақами якуми сайёра – Новак Ҷокович бо теннисбози рус – Даниил Медведев ба масофи ҳам рафтанд. Вохӯрии теннисбозон дар корт 2 соату 15 дақиқа идома пайдо карда, дар се сет бо ҳисобҳои 4:6, 6:3 ва 6:3 ба нафъи Ҷокович ба фарҷом расид.

Дар ин набард ракеткаи дуюми ҷаҳон – Даниил Медведев 7 эйс карда, ба се иштибоҳи дуболо роҳ дод ва ҳафт брейк анҷом дод. Новак Ҷокович дар навбати худ 6 эйс намуда, ду маротиба иштибоҳи дуболо кард ва 5 брейк ба иҷро расонид.

Баъди ин пирӯзӣ Ҷокович қаҳрамони “Мастерс”-и Париж гардид. Даниил Медведев, ки қаҳрамони мавсими қаблии ин мусобиқот аст, унвони қаҳрамонии худро нигоҳ дошта натавонист.

Ёдовар мешавем, ки ҳардуи ин теннисбоз даҳ маротиба байни ҳам рақобат намудаанд, ки дар шаш набард Ҷокович ва дар чаҳор бозии дигар Медведев пирӯз шудааст.