Ҳолгер Руне аз идомаи мусобиқаи ATP-500 дар Роттердам бенасиб монд

Ракеткаи 14-уми ҷаҳон , теннисбози даниягӣ Ҳолгер Руне дар мусобиқаи ATP-500 дар Роттердами Нидерланд баромади худро ба анҷом расонид. Дар бозии даври ҳаштякниҳоӣ Рена аз ракеткаи 44-уми ҷаҳон, теннисбози испанӣ Педро Мартинес –Портеро мувоҷеҳи шикаст шуд.
Теннисбозон рӯи корт 1 соату 24 дақиқа бозӣ карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 4:6, 1:6 ба фоидаи Мартинес –Портеро анҷом ёфт.
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоии мусобиқа дар Роттердам Мартинес –Портеро бо ракеткаи сеюми ҷаҳон, ҳамватани худ Карлос Алкарас бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар Роттердам аз 3 –юм то 9-уми феврал баргузор мешавад. Маблағи умумии ҷоизаҳои ин мусобиқа 2,5 миллион евроро ташкил медиҳад. Қаҳрамони феълии мусобиқа, ракеткаи якуми ҷаҳон, теннисбози итолиёвӣ Янник Синнер мебошад.