Ғолиби Лигаи Чемпионҳои Осиё муайян шуд

Ғолиби Лигаи Чемпионҳои Осиё муайян шуд

Дирӯз, 10-уми ноябр дар қораи Осиё бозии ҷавобии финали Лигаи Чемпионҳои Осиё байни бошгоҳҳои “Персеполис”-и Эрон “Касима”-и Ҷопон ва баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи муҳташами “Озодӣ”-и Эрон баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Ёдовар мешавем, ки бозии нахусти дастаҳо дар Ҷопон бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон поён ёфта буд. Ҳамин тариқ аз натиҷаи ду бози бошгоҳи “Касима” бо бартарии 2:0 дастболо шуда, аввалин маротиба дар таърихи хеш унвони қаҳрамониро дар Лигаи Чемпионҳои Осиё соҳиб гардид. Инчунин дастаи “Касима” дар Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳо, ки моҳи декабр оғоз мешавад, ширкат хоҳад кард.

Лигаи Чемпионҳои Осиё-2018. Финал. Бозии ҷавобӣ

"Персеполис" - "Касима" – 0:0

“Персеполис”: Беиранванд, Халилзода, Ансорӣ (Алванзода 69), Муслиҳ, Д.Ҳусейнӣ, Бонян, Камябиния, Ҳиматӣ (Рабихон 64), Нуруллоҳӣ, Менша, Алипур

“Касима”: Тэ-Сун, Сонг-Хон, Содзи, Ямамото, Ниси, Дои (Анзаи 68), Мисао, Силва, Сержиню, Абе (Канамори 90+3), Сузуки (Нагаки 77)

Бозии аввал – 0:2