Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳо бо шакли кӯҳна баргузор мешавад

Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳо бо шакли кӯҳна баргузор мешавад

Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳо моҳи декабри соли 2021 баргузор мешавад. Формулаи мусобиқа бетағйир боқӣ мондааст. Президенти ФИФА - Ҷанни Инфантино аз баргузории Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳо хабар дод. Тағйироти асосӣ афзоиши шумораи иштирокчиён буд. Аммо, пандемияи коронавирус баргузориро ба таъхир гузошт.

Бино ба гузориши ТАСС, Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳо дар соли 2021 дар Ҷопон аз рӯи формулаи кӯҳна баргузор мешавад. Ҳамзамон, роҳбарияти ФИФА аз тағйир додани формат даст накашидааст. Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳо, ки моҳи декабри соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, низ ба соли 2021, вале ба моҳи феврал мавқуф гузошта шуд. Ин мусобиқа дар Чин баргузор мешавад.