Ҷопон Олимпиадаи бехатарро баргузор мекунад

Ҷопон Олимпиадаи бехатарро баргузор мекунад

Ҳукумати Ҷопон талош дорад, то лағви Олимпиадаи Токиоро пешгирӣ кунад. Роҳбарияти кишвар тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то Бозиҳо бехатар гузаранд. Дабири кулли ҳизби ҳокими либерал-демократӣ - Никаи Тосихиро гуфт, ки ба сабаби пандемияи коронавирус комилан лағви Бозиҳои олимпиро истисно намекунад. Вазири олимпӣ ва паралимпӣ - Такае Марукава дар вокуниш изҳороти Никаиро ҳамчун даъват ба амал тавсиф кард. "Мо кӯшиш мекунем, ки Олимпиадаи бехавф гузаронем ва нагузорем, ки Бозиҳо бекор карда шаванд."