Осеби Неймар то куҷо ҷиддӣ аст? Ӯро мо дар Ҷоми Ҷаҳон боз мебинем ё на?

Осеби Неймар то куҷо ҷиддӣ аст? Ӯро мо дар Ҷоми Ҷаҳон боз мебинем ё на?

Бразилия дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Қатар муқобили Сербия бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард. Ричарлисон ҳар ду голро аз ҳайати мунтахаби Бразилия ба самар расонид.

 Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамлагари мунтахаби Бразилия -  Неймар аз пояш ҷароҳат бардошта,  дақиқаи 79-уми вохӯрӣ  иҷборан майдонро тарк кард.

Вақти мушаххаси барқароршавӣ муайян нашудааст. Аммо, вақте ки бразилӣ дар курсӣ нишаст, рӯи худро бо пироҳанаш пӯшонд ва ҳамдастаҳо ӯро тасаллӣ медоданд. Баъдтар Винисиус гуфт, ки вазнинии ҷароҳати Неймарро намедонад, аммо изҳори умедворӣ кард, ки ӯ ба зудӣ метавонад ба майдон баргардад.

Духтури тими миллии Бразилия -  Родриго Ласмар дар бораи осеби Неймар дар бозии аввали мунтахаби Брзалилия  дар Ҷоми ҷаҳонии футбол муқобили Сербия  чунин  изҳори назар кард.

“Неймар аз пойи росташ осеби ҷиддӣ бардоштааст. Шумо аллакай шояд инро дар наворҳои такорӣ мушоҳида карда бошед. Он ҷо баръало маълум буд, ки ин осеби ҷиддӣ аст.  Неймар он ҷо аз пояш  варам дошт ва мо дарҳол кӯмаки аввалия расонидем. Дар идома   табобат ва мушоҳидаи физиотерапия кардем.  Мо бояд аз 24 то 48 соат интизор шавем, то  натиҷаи ташхис муайян шавад.  Барои ҳамин, ҳоло дар бораи раванди барқарорсозӣ сухан гуфтан бармаҳал аст. Интизор шудан муҳим аст”.