Паҳлавонони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон мераванд

Паҳлавонони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон мераванд

Аз 1 то 7 ноябр дар пойтахти Сербия шаҳри Белград мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куштии озод ва юнонӣ – римӣ (фарангӣ) байни ҷавонони то 23-сола баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ иштироки 620 паҳлавон аз 58 кишвари гетӣ дар назар аст. Дар қаҳрамонии ҷаҳон кишвари моро се куштигир намояндагӣ мекунанд:

Куштии озод:

-57 кг. Муҳаммад Икромов

-70 кг. Мустафо Ахмедов

Куштии юнонӣ – римӣ (фарангӣ):

-77 кг. Делер Ризозода