Паҳлавонони тоҷик ба Париж мераванд

Паҳлавонони тоҷик ба Париж мераванд

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо "Paris Grand Slam 2020", ки рӯзҳои 8-9-уми феврал дар шаҳри Парижи Фаронса доир мегардад, ширкат меварзанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил аст, ки дар сабқати мардон иштирок мекунанд: Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Акмал Муродов (дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (дар вазни беш аз 100 кг).

Ба иттилои сомонаи Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар «Paris Grand Slam 2020» иштироки 740 варзишгар (446 мард ва 294 зан) аз 121 кишвари панҷ қитъаи дунё дар назар аст.

Ширкаткунандагони «Paris Grand Slam 2020», инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Гуштигирони тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд.