Парвизҷон Умарбоев бо дастааш соҳиби Ҷом шуд

Парвизҷон Умарбоев бо дастааш соҳиби Ҷом шуд

Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар дастаи «Локомотив» (Пловдив) бозӣ мекунад, бо бошгоҳи худ Суперҷоми Булғористонро ба даст овард. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷом «Локомотив» (Пловдив) бар қаҳрамони Булғористон «Лудогоертс» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Умарбоев дар ҳайати «Локомотив» 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард.

Зимнан, ин севумин унвонест, ки Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати «Локомотив»-и Пловдив соҳиб шудааст. Аз ин пеш футболбози тоҷик ду бор ҳамроҳ бо бошгоҳи худ Ҷоми Булғористонро ба даст овардааст.

Дар ҳайати “Локомотив” Умарбоев имсол дар даври муқаддамотии Лигаи Аврупо-2020/2021 бозӣ хоҳад кард. Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев шарафи «Локомотив»-ро аз соли 2016 ҳифз мекунад. Дар муддати чаҳор сол ӯ дар бошгоҳи шаҳри Пловдив беш аз 100 бозӣ анҷом додааст.