Пас аз 44 сол дигарбора Мексика аз гурӯҳ ба плей-оффи ҶҶ баромада натавонист!

Пас аз 44 сол дигарбора Мексика аз гурӯҳ ба плей-оффи ҶҶ баромада натавонист!

Мунтахаби Мексика дар бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бар тими Арабистони Саудӣ (2:1) бо ҳисоби минималӣ пирӯз шуд. Бо вуҷуди ин, аз лиҳози фарқи тӯбҳо  ба  плей-офф Полша аз ҷои дуюм баромад.

Ҳамин тариқ, мексикоиҳо  аз соли 1978 бори аввал аз гурӯҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол баромада натавонистанд.  Онҳо 44 сол пеш, соли 1990  ҳамин тавр аз гурӯҳ баромада натавониста буданд.