Пас аз бохт аз Эквадор – Қатар анъанаи 92 солаи ҶҶ-ро вайрон кард

Пас аз бохт аз Эквадор – Қатар анъанаи 92 солаи ҶҶ-ро вайрон кард

Бозии ифтитоҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол баргузор шуд, ки дар он мизбони ин мусобиқот тими миллии Қатар бо Эквадор бозӣ кард. Ин бозии гурӯҳи “А” шаби 20-уми ноябр дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и шаҳри Ал-Ҳавр баъди маросими ифтитоҳи мусобиқа доир гардида бо ҳисоби 0 бар 2 ба суди меҳмонон анҷом ёфт.

Қаҳрамони ин бозӣ бемуҳобо Эннер Валенсия буд, ки ҳар ду голи мунтахаби Эквадорро дар нимаи аввали бозӣ ба самар расонид.

Бо ин бохт мунтахаби Эквадор анъанаи 92-соларо  вайрон  кард.  Бори аввал дар таърихи чемпионатҳои ҷаҳон, мизбонон дар бозии ифтитоҳӣ шикаст хӯрданд.

Ҳамин тавр, мунтахаби Эквадор дар нимаи аввал натиҷаро ба даст оварда, дар бозӣ бо Қатар ба осонӣ соҳиби 3 имтиёз гардид.