Патрик Виейра аз мақомаш барканор шуд, зеро...

Патрик  Виейра  аз мақомаш барканор шуд, зеро...

Дастаи "Кристал Пэлас" эълон кард, ки шартномаи ҳамкориро бо сармураббӣ  Патрик Виейра қатъ кард.  Ҳамчунин якҷоя бо мутахассиси  фаронсавӣ ёваронаш Осиан Робертс, Кристиан Вилсон ва Саид Айгун дастаро тарк карданд. Танҳо  Дин Кили дар вазифаи мураббии дарвозабонҳо  боқӣ монд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷойгузини мутахассиси  фаронсавӣ дар ҳайати дастаи  "Кристал Пэлас"  то ҳанӯз маълум  нест.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии охир «Кристал Пэлас» аз «Брайтон» шикаст хӯрд (0:1). Даста 12 бозӣ мешавад, ки дар ПЛА ғалаба карда наметавонад.

Дар хотир доред, ки ҳоло "Кристал Пэлас" дар ҷадвали ПЛА дар зинаи  12-ум аст.