Паёми табрикотии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

Паёми табрикотии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни муроҷиатномаи расмии худ тамоми сокинони кишвар, хосса варзишгарону футболкорони мамлакатро ба ифтихори 25-умин солҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Дар паёми шодбошии президенти Федератсияи футболи мамлакат аз ҷумла омадааст: “Ҳамватанони азиз, дӯстони гиромӣ ва дӯстдорони футбол. Табрикоту таҳнияти самимии моро ба муносибати ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад, бипазиред. 25 сол муқаддам қонун дар бораи соҳибистиқлолии кишвари мо ба тасвиб расида буд. Дар фурсату фосилаи 25 сол кишвари мо дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла, дар риштаи футбол ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Рӯзи Истиқлолият ин ҷашни умумимиллӣ мебошад. Таманно дорам, ки сол аз сол ин ҷашни муборак эътимоду эътиқоди ҳамаи моро ба ояндаи дурахшони кишвар устувор намуда, ба мо неруву тавони тоза бубахшад. Ба ҳар як хонадони тоҷик сиҳатмандию пирӯзӣ ва барору комёбӣ таманно дорам. Ид муборак, ҳамватанони азиз!”