Пирӯзии фавқулодаи Россия дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон

Пирӯзии фавқулодаи Россия дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон

Мунтахаби Россия дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи соҳилӣ тими мунтахаби Швейтсарияро бо ҳисоби 9:3 шикаст дод. Аз ҳайати ғолибон голҳоро Алексей Макаров (хет-трик), Артур Папоротний (дубл), Юрий Крашенинников (дубл), Дмитрий Шишкин ва Кирилл Романов як голӣ муаллифӣ намуданд. Дар бозиҳои ояндаи даври дуюми марҳилаи интихобӣ мунтахаби Россия санаи 25-уми июл бо Озарбойҷон ва 26-уми июл бо Испания рақобат мекунад.