ПЛА бар коронавирус ғолиб шуд

ПЛА бар  коронавирус ғолиб шуд

Рӯзҳои 28-ум ва 29-уми май футболбозон ва кормандони ҳамаи бошгоҳҳои Премйер-лигаи Англия марҳилаи чоруми санҷиши ҳатмии мавҷудияти коронавирус дар баданро гузаштанд, ки тибқи маълумот ягон нафар ба ин вабо мубтало нашудааст.

Тавре сомонаи расмии Премйер-лигаи Аанглия хабар додааст, дар марҳилаи 4-ум 1130 бозингар ва кормандони бошгоҳҳо аз санҷиши вируси Ковид-19 гузаштанд, ки аз миёни онҳо ягон нафар мубтало нашудааст. Дар марҳилаи аввал 748 нафарро аз санҷиш гузарониданд, ки дар се бошгоҳ шаш озмоиш мусбат баромад. Дар марҳилаи дуюми санҷиш, ки рӯзҳои 19-22-уми май сурат гирифт, аз миёни 996 нафар танҳо ду кас сироят ёфт.

Дар марҳилаи сеюм бошад, 1008 нафарро ташхис намуданд, ки дар ду бошгоҳ чор санҷиш мусбӣ баромад. Ёдовар мешавем, ки аз сар гирифтани бозиҳои Премйер Лигаи Англия 17 июн таъин шудааст. Бозиҳои аввал пас аз таваққуф бояд миёни тимҳои “Астон Вилла” - “Шеффилд Юнайтед”, инчунин “Манчестер Сити” ва “Арсенал” сурат бигирад.