«ПСЖ» устухоне дар гулуи «Барселона»

«ПСЖ» устухоне дар гулуи «Барселона»

Тобистони соли гузашта роҳбарияти дастаи "Париж-Сен-Жермен"-и Фаронса ният дошт нимҳимоятгари “Барселона” Ансу Фатиро ба ҳайси агенти озод ба даст орад ва ба ӯ шартнома бо маоши солонаи 15 миллион евро пешниҳод кунад. Дар ин бора Mundo Deportivo медиҳад. Роҳбарони дастаи парижӣ омода буданд, ки ба ҷавони 18-сола ба ҷуз аз андозҳо 15 миллион евро маоши солона ва инчунин 30 миллион евро бонус пешниҳод кунанд. “ПСЖ” мехост Фатиро ба ҳайси ивазкунандаи ҳамлагар Килиан Мбаппе, ки мехоҳад тарки даста кунад, харидорӣ намояд.

Ёдовар мешавем, ки якчанд рӯз пеш дастаи “Барселона” бо Фати шартномаашро то соли 2027 дароз намуда, товонпулии онро 1 млрд евро арзёбӣ намуд. Бояд гуфт, ки ин бори аввал нест, ки “ПСЖ” дастаи “Барса”-ро дар харидори футболбозонаш зарар медиҳад. Онҳо қаблан Неймар ва Мессиро аз “Барса” гирифта буданд.