Рақибони “Регар-ТадАЗ” дар ҷамъомади таълимӣ-тамринии Тошканд муайян шуданд

Аз 8-ум то 28-уми феврали соли 2025 дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ мегузаронад. Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳри Турсунзода хабар додааст.
Аввалин вохӯрии санҷишии худро “металлургчиён” рӯзи 10-уми феврал бо дастаи «Динамо»-и Самарқанд доир мекунад.
15-уми феврал тими “Регар-ТадАЗ” бо дастаи «Машъал»-и Мубораки вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон, 19-уми феврал бо дастаи «Шӯртан»-и Ғӯзори вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон, 23-юми феврал бо дастаи «Иртиш»-и Павлодари вилояти Павлодари Қазоқистон ва дастаи «Сурхон»-и Тирмизи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон рӯзи 27-уми феврал анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки “Регар –ТадАЗ” дирӯз дар бозии дӯстона аз “Истиқлол” бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуда буд. Ҳоло рӯзи 12-уми феврал дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии қисми ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон -2025 “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” боз ба ҳам меоянд.