Рақобати сеюми Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2018
Имрӯз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии охирину тақдирсози гурӯҳи «D»-и Чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия идома дорад, бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ қувва меозмояд. Натиҷаи мусовӣ барои футболбозони тоҷик барои ба даври бозиҳои ¼-ниҳоӣ баромадан кофӣ аст. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар доираи бозиҳои финалии Чемпионати Осиё (U-19) бори аввал бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. То бозии охири гурӯҳи «D», ки имрӯз бо ширкати ин дастаҳо сурат мегирад, футболбозони Арабистони Саудӣ бо ду ғалаба (Малайзия 2:1 ва Чин 1:0) ва 6 имтиёз бо таносуби тӯбҳо-3-1 (+2)дар садри ҷадвали гурӯҳ ҷойгир шудаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як ғалаба ва як мусовӣ (Чин 1:0 ва Малайзия 2:2) чор имтиёз дошта, бо нишондиҳандаи таносуби тӯбҳо 3:2 дар ҷои дуввум мавқеъ дорад. Барои ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ баромадани дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрии охирини гурӯҳ бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ имрӯз ҳамагӣ як холи дигар зарур аст. Вале агар натиҷаи бозии дастаҳои мунтахаби Чин ва Малайзия бо пирӯзии чиниҳо ва ё мусовӣ анҷом ёбад, пас мо бе назардошти бозии имрӯза ба бозиҳои чорякфиналӣ роҳхат мегирем. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сурати ғалаба бар дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ бо кадом натиҷае набошад, ба ҷои аввали гурӯҳ мебарояд. Дар бозиҳои ¼-ниҳоӣ ғолиби гурӯҳи «D» бо Австралия ва соҳиби ҷои дуввум бо Кореяи Ҷанубӣ қувва месанҷад. Дар гурӯҳ дастаи мунтахаби Малайзия 1 имтиёз дошта, таносуби тӯбҳояш ба 3-4 (-1) баробар аст. Агар ин даста бо натиҷаи бештар аз 2 тӯб ғалаба кунад, яъне нисбати тӯбҳояш аз Тоҷикистон беҳтар шавад, (дар сурати бохти Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ) метавонад аз дастаи мо пеш гузарад. Аммо ин назарҳои охир ғалатанд, зеро дастаи мунтахаби Тоҷикистон новобаста ба он, ки чанд нафар бозингарони калидӣ дар ҳайаташ имрӯз бозӣ карда наметавонанд, натиҷаи мувофиқро ба даст хоҳад овард.
