Раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъйид кард;... "ОЛИМПИАДАИ ТОКИО МУТОБИҚИ БАРНОМАИ ИМСОЛ БАРГУЗОР МЕШАВАД".

Раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъйид кард;...    "ОЛИМПИАДАИ ТОКИО МУТОБИҚИ БАРНОМАИ ИМСОЛ БАРГУЗОР МЕШАВАД".

Томас Бах, Раиси Кумитаи байналмилалӣ эълом кард, ки рақобатҳои Бозиҳои олимпии Токио мутобиқи барномарезии қаблӣ баргузор хоҳад шуд ва ҳеҷ барномаи ҷойгузине вуҷуд надорад.

   Наздик ба 6 моҳ монда то Бозиҳои олимпии Токио, Бах дар мусоҳибае бо "Kyodo News" эълом кард: "То ин лаҳза, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки рақобатҳои Олимпиадаи Токиоро мутобиқи барномарезии қаблӣ дар таърихи 23-юми июл оғоз накунем. Тамоми талоши мо, баргузории ин рақобатҳо ба сурати комилан амн ва муваффақиятомез аст".

   Расонаҳои ҷопонӣ эълом кардаданд, ки маросими ифтитоҳи ин рақобатҳо ба 6000 варзишгар маҳдуд хоҳад шуд. Дар ҳамин росто, Диу Паунд, муовини собиқи Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт: "Бояд пурсид, ки оё ҳузури тамошогарон "воҷиб аст" ё ҳузури онҳо "хуб аст?" ба назари ман ҳузури тамошогарон хуб аст, аммо воҷиб нест."