Ракеткаи якуми ҷаҳон бо ғалаба Rolland Garros 2023-ро оғоз кард

Ракеткаи якуми ҷаҳон бо ғалаба  Rolland Garros 2023-ро оғоз кард

Теннисбози 22 солаи лаҳистонӣ  Ига Швентек   (ракеткаи  1-уми ҷаҳон) дар даври аввали   мусобиқаи Rolland Garros 2023  бидуни мушкилӣ муқобили Кристина Буча  аз  Испания  (ракеткаи  70- уми ҷаҳон)  зафар ёфта, ба даври дуюм роҳ ёфт.

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 15  дақиқа идома карда, бо ҳисоби 6:4, 6:0  ба суди Швентек  анҷом ёфт.

Ҳамакнун, дар даври дуюм теннисбозӣ лаҳистонӣ  муқобили Клэр Лю  (ракеткаи 23-юми ҷаҳон) аз ИМА  сабқат мекунад. Вохӯрии теннисбозон рӯзи 1-уми июн  доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Rolland Garros 2023  аз 22-юми май  то 11-уми июн  дар шаҳри Парижи Фаронса  баргузор мешавад. Фонди ҷоизавии мусобиқа   49 600 000 евроро ташкил медиҳад.