Расман: Игор Черевченко тарки “Химки” кард

Расман: Игор Черевченко тарки “Химки” кард

Сармураббии дастаи “Химки” - Игор Черевченко аз вазифааш истеъфо дод. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи “Химки” хабар дод. Гуфта мешавад, ки қарордоди ҳамкорӣ бо розигии тарафайн қатъ гардидааст.

“Даста ва ҳайати мураббиён ба Игор Черевченко барои кори касбиаш изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти ояндааш барори кор ва пирӯзиҳои бузург таманно менамояд!». - гуфта мешавад дар паёми дафтари матбуотии "Химки".

Қаблан вебгоҳи “Чемпионат” хабар дода буд, ки ба рӯйхати номзадҳо ба вазифаи сармураббигии дастаи наздимосквагӣ мураббии “Шинник” – Вадим Евсеев, мураббии собиқи “Уфа” – Рашид Раҳимов, мураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Русия – Михаил Галактионов, мураббии “Нефтехимик” – Кирилл Новиков ва мураббии собиқи “Балтика” – Евгений Калешин шомиланд.