Расман: Рақиби Муин Ғафуров дар One Championship муайян шуд

Расман: Рақиби Муин Ғафуров дар One Championship муайян шуд

Якчанд рӯз пеш овозаҳое паҳн шуда буд, ки гӯё размовари шикастнопазири тоҷик - Муин Ғафуров шартномаро бо созмони One Championship қатъ карда, рақобатҳоро дар UFC идома медиҳад. Худи Муин дар як сабти навор ба мухлисонаш хабар додааст, ки ҳоло ӯ бо One Championship як рақобати дигар дорад ва пас аз ин рақобат шартномаи ӯ бо ин ташкилот қатъ мегардад. Дирӯз One Championship рақиби ниҳоии Муин Ғафуровро муайян кард. Ҳарифи ниҳоии размовари кишвар дар One Championship Ҷон Линекери бразилӣ мебошад. Ҷон Линекери 29 сола дар доираи рақобатҳои ММА 31 дидор баргузор намуда, 9 бор дучори шикаст шудааст. Хотиррасон мекунем, ки Ҷон Линекер аллакай дар UFC якчанд дидор баргузор намудааст. Рақобати размоварон санаи 25-уми октябр дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор мешавад.Ҷон Линекер баъди фаҳмидани рақибаш дар саҳифаи твиттераш чунин навиштааст:

“Ман омода ҳастам, ки барои мухлисони ҷадидам дар One Championship рақобати диданиеро баргузор кунам! Агар Муин Ғафуров маро даъват кардааст ин хеле олист! Барои ман фарқ надорад ҳамаашро дар навбат гузоред!”