“Реал” дар талоши собиқ бозигари “Барселона”

“Реал” дар талоши собиқ бозигари “Барселона”

Нашрияи “Копа” навидеро дар бораи ба тими “Реал Мадрид” гузаштани Златан Ибрагимовичро ба табъ расонидааст. Сомона менависад шартномаи ин бозингари 37-солаи шведӣ то оғози гузаришҳои зимистона бозингарон бо дастаи “Лос-Анҷелес Гэлакси” Амрико ба поён мерасад ва ў ба ҳайси футболбози озод ба Мадрид меояд. Дар баробари ин дастаи “Милан” низ барои ба дастаи худ ҷалб кардани Златан талош дорад. Ёдовар мешавем, ки Златан Ибрагимович аз соли 2009 то 2011 дар ҳайати “нилунориҳо” майдондорӣ намудааст.