“Реал” соли 2024 Ҳоландро харидорӣ мекунад!

“Реал” соли 2024 Ҳоландро  харидорӣ мекунад!

Бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” ҳамоно барои ба ҳайати даста ҷалб кардани Ҳоланд мароқ дорад. Роҳбарияти даста азм доранд, ки соли 2024 ҳамлагари норвегии дастаи “Манчестер Сити”-ро харидорӣ намоянд. Дар ин бора  AS хабар додааст.

Ба иттилои як манбаъ, тими «Манчестер Сити» барои футболбози 22-сола шартномаи нав омода мекунад, ки тибқи он  банди озодии Эрлинг 150 миллион евро арзиш хоҳад дошт. Аммо тими «Реал Мадрид» аз ин шартномаи “шаҳриҳо” нигарон нестанд ва мехоҳанд бо Ҳоланд қарордоди ҳамкорӣ ба тасвиб расонанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳоланди 22-сола ба «Манчестер Сити» соли 2022 аз «Боруссияи  Дортмунд» гузариш карда буд.  Дар ин мавсим Ҳоланд дар ҳайати “шаҳриҳо” дар 42 бозӣ ба майдон баромада,  48 гол ва 6 партофти головар анҷом додааст.