“Реал” таъқиби “Барселона”-ро дар Ла Лига идома медиҳад

“Реал” таъқиби “Барселона”-ро дар Ла Лига идома медиҳад

Дар доираи бозиҳои даври 17-уми чемпионати Испания  дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Валенсия”  ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу”-и шаҳри Мадрид доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0  ба суди мизбонон  хотима ёфт.

Голҳоро дар  ин вохӯрӣ Асенсио ва Винисиус Ҷуниор ба самар расониданд.  

Дастпарварони Карло Анчелотти  бо ин пирӯзӣ  бо касби 45  имтиёз дар зинаи 2-юми ҷадвали мусобиқа маскан гирифтанд. “Валенсия” пас аз барканор кардани сармураббӣ Ҷеннаро Гаттузо  ҳоло ҳам ба нокомиҳояшон идома медиҳанд. Бошгоҳ ҳоло бо касби 20 имтиёз дар зинаи 14-уми мусобиқа мавқеъ гирифтааст. “Барселона” бо касби 50 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқот маҳсуб мешавад.

Ла Лига  | Даври 17

«Реал» Мадрид – «Валенсия» 2:0

Голҳо: Асенсио, 52, Винисиус Ҷуниор, 54

«Реал»: Куртуа, Начо, Рюдигер, Милитао (Карвахал, 36), Камавинга, Модрич (Валверде, 66), Кроос (Тчуамени, 66), Себалйос, Бензема (Родриго, 60), Асенсио, Винисиус Ҷуниор.

«Валенсия»: Мамардашвили, Фулкйе, Габриэл Паулиста, Диакаби, Гайя, Гилямон, Алмейда (Мориба, 70), Муса (Ҷемерт, 75), Кастилйехо (Маркос Андре, 58), Кавани (Франсиско Перес, 75), Лино (Тони Лато, 70).

Корти зард гирифт: Начо, Бензема, Асенсио – Диакаби

Корти сурх гирифт: Габриэл Паулиста