Red Bull аз "Формулу-1" ҷудо мешавад

Red Bull аз "Формулу-1" ҷудо мешавад

Ширкати Red Bull тасмим гирифтааст, ки соли 2022 аз "Формулу-1" канор равад. Дар ин бора сомонаи Vesti.ru хабар медиҳад. Айни ҳол миёни ин ду ширкат нофаҳмии калон сар задааст ва дар сурати бартараф нашудани мушкилиҳо Red Bull роҳашро аз "Формулу-1" ҷудо мекунад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки нофаҳмӣ миёни ин ду пайдо накардани муҳаррикҳои босифат аст. Аз эҳтимол дур нест, ки аз ин пас Red Bull муҳаррикҳоро аз ширкати Honda харидорӣ кунад.