Родриго интизориҳои худро оиди бозӣ бо “Манчестер Сити” баён кард

Родриго интизориҳои худро оиди бозӣ бо  “Манчестер Сити” баён кард

Ҳамлагари канории дастаи “Реал Мадрид” – Родриго интизориҳои худро дар бораи бозии дарпешистода бо "Манчестер Сити" дар даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо баён кард. Вохӯрии дастаҳо имшаб, дар шаҳри Манчестер доир мешавад.

"Чун ҳамеша, бар зидди онҳо бозӣ кардан хеле душвор аст. Бозии аввал фишори зиёд аст ва мо медонем, ки он душвор хоҳад буд. Мо бояд ҳамон рӯҳияеро дошта бошем, ки мавсими гузашта доштем.

Қариб ҳамаи дастаҳое, ки ба ин ҷо меоянд, аз хислатҳои бозигарони тими шаҳри Манчестер бохабаранд. Онҳо бештар бо тӯб бозӣ мекунанд, ки барои рақиб душвор хоҳад буд. Ман ҳамеша кори худро иҷро мекунам ва ба ҳама натиҷа омода мешавам" – аз суханони Родриго Marca иқтибос овардааст.

Дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Манчестер Сити” қаблан муқобили ҳамдигар 14 бозӣ доир кардаанд. 5 ғалаба ба фоидаи “Манчестер Сити” , 4 ғалаба ба фоидаи “Реал Мадрид” ва 5 натиҷаи мусовӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври плей-офф миёни дастаҳои “Манчестер Сити” ва “Реал Мадрид” имшаб дар варзишгоҳи “Иттиҳод”-и шаҳри Манчестер доир мешавад. Оғози бозӣ соати 00:50 дақиқа буда, тариқи шабакаи “Варзиш” мустақим намоиш дода мешавад. Шореҳ Парвизи Маҳмадамин аст.

ТВ "Варзиш"