Роналду аз ҳамдастагонаш узр мепурсад

Роналду аз ҳамдастагонаш узр мепурсад

Чӣ тавре “Газетто дело Спорт хабар медиҳад, футболбозони «Ювентус» аз Криштиану Роналду бахшишпурсиро интизоранд. Даста аз рафтори   португалӣ норозӣ монд, пас аз оне, ки ӯро Маурисио Сарри дар бозии ахир иваз намуд. Ҳамчунин сарчашма хабар медиҳад, ки роҳбарияти «Ювентус» бо агенти Криштиану вохурӣ анҷом додааст ва аз ӯ хоҳиш кардааст, ки дар мавриди воқеаи рухдода бо мизоҷаш сӯҳбат намояд. То кадом дараҷа дуруст аст, ки бозингарони «Ювентус» аз Роналду узрпурсияшро интизоранд ин албатта суол аст. Аммо он мавриде, ки ӯ бояд аз Сарри бахшиш пурсад ин факт аст. Ҳеҷ як бозингар худро набояд аз даста боло гузорад, ҳатто бозингаре чун Роналду. Ёдовар мешавем, ки ВАО дар хусуси он менависад, ки Криштиану пеш аз тарк намудани майдон сармураббиро бо забони португалӣ суханҳои қабеҳ гуфтааст. Бо вуҷуди оне,ки Роналду чӣ тавр хашмзада шуда буд ин маълумот расмӣ ба чашм намерасад, вале ба ҳақиқат наздик аст. Албатта баҳри ивазшавии бозингар ҳам ин албатта чизи зиёдатӣ ҳасту аз пашша фил сохтан дар ин давронҳо кори бузург нест.