Роналду: “дарди диламро гуфтам”

Роналду: “дарди диламро гуфтам”

Футболкори 33-солаи беназиру беҳамтои португалӣ 10-уми июли соли 2018 бо “Ювентус” қарордоди 4-сола баст.

- Ман дар ҳайати “Реал” амалҳои зиёду сӯдманде анҷом додам”, - мегӯяд Роналду. - Ҳамеша дар майдон ҳамроҳи ҳамдастаҳоям лаҳзаҳои зеборо бар сӯду самар истифода менамудам. Аммо баъди 10-соли пушти сар гузоштаам дар Мадрид, фурсат фаро расида, ки чизеро бояд иваз кунам. Ахиран ман эҳсос мекунам, ки муносибати президенти бошгоҳ Флорентино Перес бо ман дигар шудааст, аз пештара тафовут дорад. Ӯ мехост ман дар даста бимонам, вале дар ҳамон ҳангом иқрор омада буд, ки рафтани ман ягон мушкилие эҷод нахоҳад кард.

Роналду санаи 10-уми июли соли ҷорӣ ба ҳайати “Ювентус” пайвасту шартномаи 4-сола баст. Дар мавсими феълӣ, ӯ дар ҳайати бошгоҳи наваш 12 дидор гузаронида, ба задани 7-гол даст ёфта, муаллифи 4-партофти головар шудааст.

Таҳияи Лутфуллои Азиз