Руни ва Виейра- шомили Толори шарафи Премер-лигаи Англия

Руни ва Виейра- шомили Толори шарафи Премер-лигаи Англия

Собиқ ҳамлавари «Манчестер Юнайтед» ва «Эвертон» Уэйн Руни ва собиқ бозигари «Арсенал» Патрик Виейраро ба  Толори шарафи Премер-лигаи Англия шомил намудаанд, иттилоъ медиҳад Sky Sports.

Ёдрас мекунем, ки Руни ҷойгузини зинаи 2-юми рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои ПЛА дар кулли таърих мебошад. Дар ҳисоби ӯ 208 гол вақти бозӣ дар сафи «девҳои сурх» ва «Эвертон» буда, дар сафи «Манчестер Юнайтед» Руни панҷ маротиб (солҳои 2007, 2008, 2009, 2011 ва 2013) қаҳрамони Англия шудааст.

Виейра бошад бо «Арсенал» се маротиб қаҳрамони Англия (дар мавсими солҳои-1997/1998, 2001/2002, 2003/2004) гардида, ҳамчунин сарвони дастаи лондонӣ дар мавсими солҳои-2003/2004 буд, замоне,ки  «Арсенал» мавсимро бидуни бохт анҷом дод.

Лозим ба ёдоварист, ки ба Толори шарафи ПЛА ҳамчунин собиқ футболбозони зерин шомил карда шудаанд: Тйерри Анри, Алан Ширер, Эрик Кантона, Рой Кин, Фрэнк Лэмпард, Деннис Бергкамп, Стивен Ҷеррард ва Дэвид Бекхэм.

Сарчашма: «Чемпионат»