Сабқати довталабон — 2024: натиҷаи бозиҳои рӯзи 18-уми апрел

Сабқати довталабон — 2024: натиҷаи бозиҳои рӯзи 18-уми апрел

Рӯзи 18-уми апрел даври 12-уми Сабқати довталабон — 2024 доир шуд. Ҳамаи чор бозии сабқати мардона ба анҷом расиданд.

Натиҷаи бозиҳои рӯзи 18-уми апрел

Хикару Накамура (ИМА) — Алиризо Фируҷа (Фаронса) — 1:0.

Ниҷот Абосов (Озарбойҷон) — Гукеш Доммараҷу (Ҳиндустон) — 0:1.

Фабиано Каруана (ИМА) — Видит Гуҷрати (Ҳиндустон) — 1:0.

Ян Непомняший (Россия) — Рамешбабу Прагнанандха (Ҳиндустон) — 1/2:1/2.

Ҳамин тариқ, Непомняший 7,5 хол ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа зинаи аввалро бо Накамураи амрикоӣ ва намояндаи Ҳиндустон Доммараҷу қисмат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Сабқати довталабон — 2024 то рӯзи 22-юми апрел идома мекунад. Ғолиби он бо қаҳрамони феълии ҷаҳон Дин Лижэн баҳри ба даст овардани Тоҷи шоҳмот мубориза мебарад. Ҳамчунин нафари ғолиб ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 48 ҳазор евро ба даст меорад.