Сармураббии “Ливерпул” Роналду ва Салоҳро муқоиса кард

Сармураббии “Ливерпул” Роналду ва Салоҳро муқоиса кард

Сармураббии бошгоҳи “Ливерпул”-и Англия Юрген Клопп дар бораи бозии ҳамлавари дастаи “Манчестер Юнайтед”-Криштиану Роналду ва ҳамлавари “Ливерпул”-Муҳаммад Салоҳ сухан гуфт:

“Роналду ва Салоҳро муқоиса намудан лозим нест. Ҳардуи онҳо бозингарони бомаҳорат ва дорои сатҳи касбияти баланд мебошанд. Салоҳ аксаран бо пои чап зарбаҳои хуб мезанад. Криштиану бошад бештар бо пои рост зарбаҳоро анҷом медиҳад. Ҳамчунин Роналду дар қабати дуюм (яъне бо зарбаҳои сар) хеле хуб бозӣ менамояд. Дар футболи муосир ҳардуи онҳо дар хати ҳамла бозии беҳтарин нишон медиҳанд ва гол мезананд”-иқтибос меорад суханҳои сармураббии олмонии бошгоҳи “Ливерпул”-ро сомонаи варзишии “Mirror”

Роналду дар 5 бозии ПЛА-и дар ин мавсим 3 гол ба ҳадаф расонидааст. Салоҳ бошад дар 8 бозӣ 7 гол ва 4 паси голӣ дар ҳисоби худ дорад.

Бояд қайд намуд, ки дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Ливерпул” рӯзи 24-уми октябр дар майдони “Олд Траффорд” дар доираи даври 9-уми Чемпионати Англия бо ҳам рақобат менамоянд.