Сармураббии нави “Реал” кӣ мешавад?
Роҳбарияти бошгоҳи “Реал Мадрид” ба хулосае омадааст, ки баъди барканории сармураббӣ Хулен Лопетеги ба даста ягон мутахассиси бо таҷрибаро даъват намояд. Бо маълумоти сомонаи расмии AS собиқ сармураббии “Челси” Антонио Конте ва собиқ футболбози дастони аргентинӣ Сантяго Солари дар ин мақом муддаии асосӣ ба шумор мераванд. Дар айни замон Сантяго Солари дастаи “Кастиля”-ро ба душ дорад.