Сарпарасти нави «Ливерпул» аз мавсими-2025/2026 ширкати Adidas хоҳад буд

Сарпарасти нави «Ливерпул» аз мавсими-2025/2026 ширкати Adidas хоҳад буд

Ширкати олмонии Adidas таъминкунандаи нави либосҳои варзишӣ барои «Ливерпул» шурӯъ аз мавсими-2025/2026 хоҳад буд, иттилоъ медиҳад Sport Business.

Тибқи иттилоъи сарчашма ширкати олмонӣ ғолиби тендер гардид ва бо мерсисайдиҳо шурӯъ аз мавсими -2029-2030 ҳамкориҳоро оғоз мекунад.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, рақибони асосии ин ширкат Nike ва Puma дониста мешуданд, ки дар ҳамкорӣ бо «Ливерпул» иштиёқманд буданд.

Nike таъминкунандаи либосҳои варзишии дастаи Юрген Клопп аз мавсими-2020/2021 ин ҳамкориҳо баъди даъвоҳои судӣ бо ширкати таъминкунандаи он вақт амалкунандаи либосҳои варзишӣ New Balance оғоз гардиданд.

Баъди 33 даври ПЛА «Ливерпул» бо 74 хол дар зинаи дуюм қарор гирифта, «Арсенал» (77 хол) дар зинаи аввал қарор дорад.

Бозии навбатии «Ливерпул» дар сафар муқобили «Эвертон». пагоҳ, 25-уми апрел соати 22:00 дшб доир мегардад.