Се медали паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон

Се медали паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон

Санаҳои 26 то 30-юми октябри соли равон дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Татаристони Федератсияи Русия Чемпионати ҷаҳон оид ба намуди гӯштини  камарбандӣ бо иштироки беш аз 350 нафар варзишгарон аз 21 давлати дунё доир гардид.

Дар чемпионати мазкур аз дастаи мунтахаби кишварамон 18 нафар варзишгарон иштирок намуда, аз байни онҳо дар вазни 57 кг Рабиев Меҳроҷ, дар вазни 62 кг  Кароматулло Қурбонов ва дар вазни  90 кг  Беҳрӯз Гулмаҳмадзода дар маҷмӯъ 3 медали биринҷӣ ба даст оварда, парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ парафшон намуданд.