Се зарбаи пеналтӣ ба дарвозаи дастаи мунтахаби Вйетнам дар бозии охирини гурӯҳи “С”
Дар вохӯрии охиринии гурӯҳи “С” бо иштироки дастаҳои мунтахаби Вйетнам ва Кореяи Ҷанубӣ, ки дар варзишгоҳи “Patriot Candrabhaga Stadium”-и шаҳри Бекасии Индонезия баргузор гардид, довари вохӯрӣ Ҳусейн Абу Яҳё аз кишвари Лубнон ба дарвозаи вйетнамиҳо се пеналтӣ таъин кард, ки дар доираи бозиҳои имсолаии Чемпионати Осиё-2018 бесобиқа мебошад. Вохӯрӣ бо бартарии футболбозони Кореяи Ҷанубӣ паси сар шуд. Аммо дар дақиқаи 13-ум футболбози ветнамӣ-Ли Хван Ту муҳофизатгаронро дар ғафлат гузошта, ҳисобро боз кард. Баъдан ҳуҷумҳои пайдарпайи кореягиҳо хати муҳофизати дастаи мунтахаби Вйетнамро саросема кард ва онҳо дар майдони назди дарвоза гоҳ бо даст бозӣ мекарданду гоҳи дигар ҳамлагаронро зада аз пой меафтониданд. Дар дақиқаи 32-юм аввлаин зарбаи пеналтиро Ҷеон Се-Ҷин хато зад. Сипас зарбаи пеналии дуввумро Чо Янг Вук (45-ум дақиқа) ба нишон расонд. Дар қисми дуввум капитани дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ Ким Ҳюн-Ву, ки худро ҳамчун яке аз бозингарони беҳтарин нишон дод, голи дуввумро (77-ум) ба дарвоза зад. Дар чорумин дақиқаи вақти иловагӣ боз довар тӯбро ба нуқтаи 11-метра гузошт ва Чо Ян Вук ин дафъа ҳам хато накард. Бози бо ҳисоби 1:3 бо ғалабаи дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ҷамъбаст шуд ва онҳо якҷоя бо Австралия ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ аз гурӯҳи “С” роҳхат гирифтанд.