Шаҳри Кӯлоб беш аз 100 варзишгарро ба ҳам овард

Шаҳри Кӯлоб беш аз 100 варзишгарро  ба ҳам овард

Дар доираи нақшаи тақвимии чорабиниҳои оммавӣ варзишӣ ва солимгардонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб мусобиқа гӯштини тарзи озод байни наврасони солҳои тавваллуди 2004-2006 оғоз гардид. Зимни ифтитоҳи мусобиқа масъулини Кумита, собиқадорон, мураббиён ва варзишгарони маъруфи кишвар иштирок карда, баргузории чунин мусобиқаҳоро баҳри дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва сайқал додани маҳорати варзишгарони наврас муҳиму саривақти арзёбӣ карданд. Таъкид шуд, ки сол аз сол шумораи чунин мусобиқаҳо бо иштироки варзишгарони сину соли гуногун зиёд шуда, дар оянда имкон пайдо мешавад, ки варзишгарони мо дар майдонҳои бузурги ҷаҳонӣ талош варзанд. Зимнан дар рӯзи аввали мусобиқа наврасони вазнҳои поёнӣ бо ҳам сабқатҳоро оғоз намуда, баҳри роҳ ёфтан ба давраҳои ниҳоӣ талош варзида истодаанд.

Зимнан дар ин мусобиқа варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳам омада, баҳри дарёфти роҳхат ба мусобиқаҳои байналмиллалӣ талош меварзанд. Бинобар иттилоъи сардовари мусобиқа дар рузи аввали нерӯсанҷиҳо асосан варзишгарони дастаи Хатлон-2, шаҳри Душанбе ва вилояти Сӯгд аз худ маҳорату малакаи баландӣ варзишӣ нишон дода, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ даст ёфтанд. Дар фарҷоми рӯзи аввали мусобиқа, ки байни наврасони солҳои таваллуди 2004-2006 ҷараён гирифт, ғолибон ва ҷоизадорон бо нишону дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб қадршиносӣ карда мешаванд.